
“Занҳо набояд дар иҳотаи зӯроварӣ зиндагӣ кунанд”. Зебо Шарифова дар подкасти “Роҳи ӯ - кувваи ӯ”
Подкасти “Роҳи ӯ - кувваи ӯ” - силсилаи суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва самимӣ бо занҳоест, ки худ ва сарнавишти худро сохтаанд.
Меҳмони имрӯзаи подкаст Зебо Шарифова, ҳуқуқшинос, ҳомии ҳуқуқ, собиқ вакил,яке аз ҳаммуаллифони Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” вабунёдгузори созмони ҷамъиятиест, ки аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ҳимоятмекунад.
Ҳар коре, ки ӯ мекунад барои пуштибонӣ, ҳуқуқи садо баровардан ва тағйиротеаст, ки аз як нафар оғоз меёбад.
Ӯ дар сӯҳбат зикр кард, ки “коре, ки ман бозанҳо мекунам, кори бисёр масъулиятнок аст”.
Меҳмони подкаст зикр кард, ки ҳангоми вакил будан, пулебайни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳокимият буд, то садои занон шунида шавад.
“Занҳо вақте ки ба зӯроварӣ дучор мешаванд, онҳо дарбораи ин тамоман намегӯянд, ё пинҳон мекунанд”, - гуфт ӯ.
Зебо Шарифова таъкид кард, ки дар кишвар қонун амалмекунад ва тибқи он зӯроварӣ дар оила бояд ҷой надошта бошад.
Ба назари ӯ “қолабҳои шахшуда ё фишори анъанавӣ аст, кимегӯянд “кори зан дар ошхона аст””.
Дар идомаи сӯҳбат Зебо Шарифова дар бораи фаъолияи худ, замони вакилӣ, кордар созмони “Лигаи занони ҳуқуқшинос”, таъсис додани ташкилоти “Занони ҳуқуқшиносбарои рушд” ва дигар паҳлуҳои кориву таҷрибаҳои худ қисса кард.
Ин нашри подкаст дар бораи он аст, ки чӣ гуна ҳатто дар лаҳзаҳои душворӣҳам аз роҳи интихобкарда барнагардем.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди баробарии гендерӣ тавассутиҷомеаи шаҳрвандӣ» (AGECS), ки ҷузъи барномаи «Бунёдҳои саломатӣ ватавонмандсозӣ» (F4HE) мебошад, ташаббуси Фонди Оғохони Канада бо дастгириимолиявии Ҳукумати Канада таҳия гардидааст.
Информация
- Подкаст
- ЧастотаДважды в неделю
- Опубликовано10 сентября 2025 г. в 06:45 UTC
- Длительность30 мин.
- Сезон23
- Выпуск3
- ОграниченияБез ненормативной лексики