
Таври маълум дар асри фановариҳои ҷадид ҳама шуғлу пешаҳо, аз ҷумла журналистика ба майлонҳои тоза рӯ ба рӯ шудааст.
Таври маълум дар асри фановариҳои ҷадид ҳама шуғлу пешаҳо, аз ҷумла журналистика ба майлонҳои тоза рӯ ба рӯ шудааст. Пайдоиши “журналистикаи шаҳрвандӣ”, чандрасонаӣ, дата – журналистика, факт – чекинг, таймлайн, инфографика, видеографика, сторителлинг ва мафҳумҳои дигари нав воқеиятҳои замони мост. Иддаое вуҷудд дорад, ки умуман журналистика аз байн меравад, ё ҳадди ақалл журналистикаи хабарӣ. Пайдоиши майлонҳои навро ҳамчун василаи ҳифзи журналистика маънидод мекунанд. Дар натиҷа майлонҳои касбӣ ба суръати кайҳонӣ рушд мекунанд. Ин чунин маъно дорад, ки мебояд доим дар ҷараён буд. Таҳлили ин мавзӯъ ба хотири тарс нест, чун имрӯз ин масъала журналистони тамоми дунёро ба худ машғул доштааст. Бо мақсади донистани вазъ дар Тоҷикистон, то куҷо шакл гирифтан ё меъёр шудани майлонҳои нави журналистӣ дар расонаҳои кишвар, дар подкасти навбатии “Хабарнигори мусоир” ҳамроҳи Раҷаб Мирзо Директори редаксионии гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” Баҳманёр Надиров ва коршинос оид ба расонаҳои нав Рустам Гулов мавзӯъҳои ҷолибро баррасӣ намуданд.
정보
- 프로그램
- 주기매주 업데이트
- 발행일2023년 2월 10일 오전 6:36 UTC
- 길이43분
- 시즌2
- 에피소드13
- 등급전체 연령 사용가