Ток – шоу дар радио: василае аз ночорӣ, ё як самти муҳими журналистӣ? Чанд соли ахир барномаҳои ток – шоу дар шабакаҳои радиоии Тоҷикистон гуфтан мумкин ба ҷузъи муҳимтарин табдил ёфтааст. Бархе аз шабакаҳои радиоӣ, ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ, пештар ин гуна шакли пешниҳоди барномаҳоро мисле, ки ҷоиз намедонистанд. Аммо ҳоло сеткаи барномаҳои онҳо низ маҳз бо ток – шоуҳо пур мешавад. Ин ва масоили дигарро дар подкасти навбатии “Хабарнигори мусоир” ҳамроҳи Раҷаб Мирзо яке аз ровиёни собиқадор ва машҳури тоҷик Субҳон Ҷалил, муҷрии ток – шоуҳои муваффақ ҳам дар радиоҳои хусусӣ ва ҳам давлатӣ Саидэҳсони Ҷалолиён ба баррасӣ гузоштанд.
信息
- 节目
- 频率一周一更
- 发布时间2023年1月24日 UTC 06:26
- 长度46 分钟
- 季2
- 单集11
- 分级儿童适宜