Три медведя

YOUR.TJ
Три медведя

«Три медведя» - это первый подкаст из Таджикистана. Мы будем говорить на самые актуальные темы. Будем говорить о проблемах, которые у нас вдруг неожиданно всплыли. Будем говорить о полезных идеях, которые родились с нашим выходом из зоны комфорта. Будем говорить о людях, которые оказались бессильными.

  1. Аз синни шашмоҳагӣ. Чӣ тавр дуруст ба кӯдак ғизои иловагӣ диҳем?

    JAN 20

    Аз синни шашмоҳагӣ. Чӣ тавр дуруст ба кӯдак ғизои иловагӣ диҳем?

    Ғизои соли барои кӯдаки то шашмоҳа – ин шири модар аст. Баъди шашмоҳагӣ вақте ҳаракатҳои кӯдак зиёд мешавад, ба ӯ нерӯи бештар лозим аст ва аллакай шири модар то 20-30% камқувваттар мешавад. Аз ҳамин сабаб кӯдак аллакай ба ғизои иловагӣ ниёз дорад. Дар нашри навбатии подкасти “Модари солим – кӯдаки солим” Фарида Аловуддинова, муовини директори МД Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ гуфт, ки чӣ тавр ба кӯдак бояд ғизои иловагиро дуруст дод. Ин мутахассис гуфт, ки модарон баъзан то шашмоҳагӣ низ кӯшиш мекунанд ба кӯдак ғизои иловагӣ диҳанд, ки ин нодуруст аст. Зеро меъдаву рӯдаҳои кӯдак дар ин вақт ҳоло бисёр нозук аст ва тавони ҳазми онро надорад. “Аз синни шашмоҳагӣ ғизои иловагиро зина ба зина таъйин мекунем, пеш аз ҳама ба кӯдак пюреи сабзавотӣ аз сабзавоте, ки дар Тоҷикистон доимо дастрас ҳастанд, ба мисли картошка, сабзӣ, каду ҳамчун ғизои иловагӣ додан мумкин аст”,- гуфт ӯ. Ба гуфтаи мутахассис набояд ин ғизо аз дастархони умумӣ гирифта шавад, яъне барои ғизои иловагии кӯдак каме вақту меҳнати бештар сарф карда, алоҳида омода кардан лозим аст. Ин корро ақаллан то яксолагии кӯдак кардан зарур аст. Ҳамчунин, модар ғизои иловагиро дар аввал бояд бо шири худ омехта карда ба кӯдак диҳад, зеро кӯдак бӯи ширро ҳис мекунад ва ҳамин тариқ ба тадриҷ ба тамъу бӯи нав одат мекунад. “Барои фаҳмидани он ки кӯдак ба кадом навъи маҳсулот аллергия дорад, дар аввал танҳо аз як навъи маҳсулот тайёр кардани ғизои иловагӣ муҳим аст. Баъди хӯронидани ғизо ба кӯдак бештар аҳамият додан лозим, ки ягон тағйирот мешавад ё не”,- қайд намуд Фарида Аловуддиновна. Ӯ гуфт, ба кӯдак бояд мустақилона гирифтани қошуқ ва хӯрок хӯрданро аз ҳамон рӯзҳои аввали додани ғизои иловагӣ ёд дод. “Зеро ин ҳам ба саломатии ӯ ва ҳам ба рушди зеҳнии кӯдак муфид аст. Ӯ бо шавқ қошуқро медорад ва як ҳисси навро эҳсос мекунад, чун бори аввал кореро мустақилона иҷро мекунад. Мустақилона хӯрдан низ ба ҳазми он таъсир мерасонад”,- афзуд ҳамсуҳбати мо. Лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” дар Тоҷикистон бо кӯмаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ мегардад.

    31 min
  2. “Табобат накардӣ, гунаҳкор мешавӣ!” Пешгирӣ ва табобати сил аз нигоҳи дини Ислом

    09/05/2024

    “Табобат накардӣ, гунаҳкор мешавӣ!” Пешгирӣ ва табобати сил аз нигоҳи дини Ислом

    Ислом ҳамеша исрор бар ин мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ӯ дар нашри навбатии подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ” дар студияи Your.tj дар бораи пешгириву табобати сил, огоҳонидани мардум аз ин беморӣ, дастгирии наздикони шахси бемор ва ғайра аз нигоҳи дини Ислом гуфт. Маҳмуд Сангалиев вобаста ба пешгирии бемории сил риояи тозагиро дар ҷои аввал гузошт ва гуфтаҳояшро аз нигоҳи Ислом шарҳ дод. “Дини мубини Ислом назофатро ҳатто шохае аз имон медонад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки яке аз омилҳои пешгирикунанди бемории сил ҳамин нигоҳ доштани покизагии инсонҳо аст”,- гуфт ӯ. Ба гуфтаи ин мутахассис, Ислом ба эҳтиёткорӣ ва нигаҳдории саломатии инсон ҳамеша таъкид мекунад. Худованд фармудааст, ки ҳаёт барои инсон амонат аст ва бояд онро эҳтиёт кунад. Ба ҳамин асоснок карда, Маҳмуд Сангалиев гуфт, ки вақте инсон бемор мешавад, бояд ҳатман ба мутахассис муроҷиат кунад ва аз паси табобати худ бошад. “Ислом ҳамеша исрор бар ин мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед, вагарна дар назди Худованд гунаҳкор мешавад”,- афзуд вай. Ӯ гуфт, мисли ҳамаи дигар бемориҳо инсон ҳангоми ба сил гирифтор шудан низ бояд саривақт ба табиб муроҷиат кунад ва ин дар ислом фарзи айн маҳсуб меёбад. Давоми ин суҳбатро дар ин ҷо тамошо кунед. Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаи анонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян карда метавонед. Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед. Инчунин шумо метавонед бо пайванд (ссилка) https://ntp.tj/pursish/ ба пурсишномаи анонимӣ гузашта, суроғаи марказҳои зиддисилӣ https://ntp.tj/site/?page_id=1227 пайдо кунед. Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст. Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ "Аломат" буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.

    18 min
  3. Как МВА помог открыть новую нишу в страховании в Таджикистане

    08/20/2024

    Как МВА помог открыть новую нишу в страховании в Таджикистане

    Выпуск подкаста о том, как бизнес-проект по Программе МВА воплотился в жизнь и помог запустить первую в Таджикистане компанию по страхованию жизни. Сейчас Программа МВА Таджикистан набирает очередной курс, шестой по счету. Мест осталось совсем мало, чтобы получить возможность стать участником элитного клуба профессионалов, получить образование одного из лучших университетов мира, звоните по номеру +992 981 981 981. Подробнее о программе также можно узнать на страницах МВА Таджикистан в соцсетях по ссылкам https://www.facebook.com/mbaintj и https://www.instagram.com/mba.tj/ #Страхование #конкурсноеСтрахование #БИМА #БИМАЖизнь #MBAТаджикистан #ВладимирХурсан #БизнесПроект #ПодкастБизнесСреда #Образование #Таджикистан #СтрахованиеЖизни #АкадемияМенеджмента #УниверситетМенеджментаАлматы #ПрофессиональноеОбразование #Подкаст #ПриемВМВА #МВАПрограмма

    17 min
  4. Чаро шири модар ба кӯдак муҳим аст?

    08/01/2024

    Чаро шири модар ба кӯдак муҳим аст?

    Ҳамасола аз 1 то 7 август Ҳафтаи умумиҷаҳонии дастгирии синамаконӣ гузаронида  мешавад. Аз соли 2001 дар Тоҷикистон ин чорабинӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад. Дар бораи муҳимияти ғизои солим барои кӯдакон дар 1000 рӯзи аввал, омода будани кӯдак ба хӯроки иловагӣ ва маҳсулоти он, реҷаи хӯроки кӯдак, норасоии ғизо ва камвазнӣ суҳбате доштем бо Дилшода Қаюмова, педиатр. Синамаконӣ асоси ҳаёт буда ба саломатӣ, ғизои дуруст ва амнияти озуқаворӣ дар ҳолатҳои муқаррарӣ ва фавқулодда таъсири кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мерасонад. “Дар Тоҷикистон барномаи миллии коммуникатсионии “1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак” барои солҳои 2020-2024 таҳия гардидааст. Ин барнома давраи аз бордоршавии зан то дусолагии кӯдакро фаро мегирад. Ин барнома рушда инкишофи кӯдакро дарҳамин давра нишон медиҳад. Мақсади барнома он аст, ки рафтори модар, падар ва шахсони ба кӯдак масъулро оид ба ғизо, нигоҳубини кӯдак ва модар дигаргун созад”,- қайд намуд мутахассис. Ҳамсуҳбати мо қайд намуд, зарурати шири модар дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак дар он аст, ки табиатан организми кӯдаки навзод инро талаб мекунад ва то шашмоҳагӣ танҳо шири модар бояд дода шавад. “Баъзан вақте ҳаво гарм аст, модарон мегӯянд, ки кӯдакашон ташна мемонад ва беҳтараш ба ӯ об диҳанд, вале ин нодуруст аст, зеро шири модар асосан аз об иборат аст ва кӯдак дар ҳолати гармӣ ҳас ташна намемонад”,- афзуд ӯ. Ба гуфтаи педиатр, кӯдаки солим аз шашмоҳагӣ аллакай метавонад ғизои иловагӣ истеъмол кунад. То шашмоҳагӣ шири модар метавонад организми ӯро бо ҳама витамину минералҳои лозима таъмин созад. Баъди шашмоҳагӣ кӯдак серҳаракаттар мешавад ва ба ӯ ғизои иловагӣ лозим аст, зеро дигар танҳо шири модар инкишофи кӯдакро таъмин карда наметавонад. “Ба кӯдакони шашмоҳа додани ғизои иловагиро аз пюреҳои сабзавотӣ сар карданамон лозим аст. Агар кӯдак сабзавотро нағз қабул накунад, ба ӯ шавлаи дар об пухташуда додан лозим. Ғизои иловагӣ бояд аз як намуд маҳсулот тайёр шуда бошад, камоб бошад ва батадриҷ миқдораш зиёд карда шавад”,- шарҳ дод Дилшода Қаюмова. Ӯ гуфт, барои пешгирии эҳтимоли доштани аллергия ба ягон намуди маҳсулот ғизои иловагии кӯдакро бояд танҳо аз як намуд омода кард. Педиатр таъкид намуд, ки дар ин давра ба кӯдак намак ва маҳсулоти ширинӣ додан мумкин нест. Ҳатто то дусолагии кӯдак додани ширинӣ тавсия дода намешавад. Лоиҳаи "Модари солим, кӯдаки солим" дар Тоҷикистон бо кӯмаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ мегардад. Ҳадафи лоиҳа кор аз болои тағйирёбии меъёрҳои иҷтимоӣ ва одатии ғизо, инчунин нигоҳубини саломатии модарону кӯдакон мебошад, ки ба интихоби таҷрибаҳои тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.

    25 min
  5. “Мард масъулияти бештар дорад”. Саломатӣ ва ғизои модару кӯдак аз нигоҳи ислом

    07/15/2024

    “Мард масъулияти бештар дорад”. Саломатӣ ва ғизои модару кӯдак аз нигоҳи ислом

    Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Модари солим, кӯдаки солим” суҳбате доштем дар хусуси зани ҳомилаву ширмакон аз нигоҳи дини ислом бо Ҷамолиддин Хомӯшӣ, мударриси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои уламо. Ҳаёти занушавҳарӣ зиндагии муштарак аст, Худованд занро барои мард ва мардро барои зан офаридааст, қайд намуд дар оғози суҳбат ходими дин. “Чуноне ки инсон бо либос зебост ва маҳз либос айбу камбудиҳои тани ӯро мепӯшонад, ҳамин тавр, зану шавҳар низ камбудиҳои якдигарро дар зиндагӣ бояд пӯшонанд ва обрӯи ҳамдигарро ҳифз кунанд. Аз нигоҳи дин тамоми масъулияти зан ба зиммаи мард аст ва он имтиёзҳое, ки шариат ба зан додааст, дар ягон қонуни башарӣ ба чунин дараҷа дида намешавад”,- таъкид кард Хомӯшӣ. Ӯ қайд намуд, дар оиладорӣ нақши хушдоман ҳамчун шахси муътабари оила муҳим аст, аммо хушдоман набояд аз доираи инсоф берун муносибат кунад ва келинро ҳамчун фарзанди худ қабул намояд. “Дар урфияти мардуми мо агар ба хонае ворид мешуд, ки он ҷо пухтупаз доранд, ҳатман аз қафояш ғизое мефиристоданд, то дилаш наранҷад. Ба ин чиз маҳз хушдоман бояд аҳамият диҳад”,- афзуд ходими дин. Дар қабули қарорҳои муштарак оид ба датгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ғизои модару кӯдак зану шавҳар, махусан шавҳар уҳдадориҳои зиёд дорад, мегӯяд Ҷамолиддин Хомӯшӣ. Ба гуфтаи ӯ, мард барои хароҷоти тифли батни ҳамсараш ё таваллудшуда ҳеҷ гоҳ бухл наварзад. Давоми мавзӯро бо шарҳу тавзеҳоти Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар подкасти мо тамошо кунед. Лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” дар Тоҷикистон бо кӯмаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ мегардад. Ҳадафи лоиҳа кор аз болои тағйирёбии меъёрҳои иҷтимоӣ ва одатии ғизо, инчунин нигоҳубини саломатии модарону кӯдакон мебошад, ки ба интихоби таҷрибаҳои тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.

    25 min
  6. Как МВА меняет подход в ведении бизнеса в Таджикистане

    07/10/2024

    Как МВА меняет подход в ведении бизнеса в Таджикистане

    Академия менеджмента и бизнеса Таджикистана совместно с Almaty Management University (AlmaU) предлагают уникальную программу General MBA, аккредитованную в Ассоциации MBA (Великобритания). Это первая в Таджикистане образовательная площадка MBA на русском языке в оффлайн формате. В этом году МВА Таджикистан отмечает свое пятилетие. Как это работает в Таджикистане, какие преимущества даёт бизнес-школа, мы обсудили в нашем очередном выпуске подкаста «Бизнес-среда». В гостях у нас основатель Академии менеджмента и бизнеса Шавкат Базаров и Фирдавс Ходжимуродов, сооснователь компании Pixel, один из первых выпускников МВА Таджикистан. MBA (Master of Business Administration, магистр делового администрирования) - степень квалификации в менеджменте. Выпускники МВА получают всесторонние знания, необходимые для управления, которые помогают менеджеру повысить свой потенциал и эффективность организации. Как правило, в бизнес-школы идут менеджеры с опытом ради продвижения по карьере, личностного развития. Все программы MBA опираются на практический опыт. В чем уникальность программы МВА в Таджикистане, каких результатов добиваются ее выпускники, почему глава компании должен пройти это обучение и дать возможность обучаться на программе МВА руководителям своих подразделений, и как можно использовать полученные знания в ведении бизнеса, в нашем выпуске. Сейчас Программа МВА Таджикистан набирает очередной курс, шестой по счету. Мест осталось совсем мало, чтобы получить возможность стать участником элитного клуба профессионалов, получить образование одного из лучших университетов мира, звоните по номеру +992 981 981 981. Подробнее о программе также можно узнать на страницах МВА Таджикистан в соцсетях по ссылкам https://www.facebook.com/mbaintj и https://www.instagram.com/mba.tj/

    38 min
  7. Нақши зан дар тиҷорат. Чӣ гуна зани тоҷик дар шаҳри Ваҳдат клиникаи хусусӣ таъсис дод

    07/03/2024

    Нақши зан дар тиҷорат. Чӣ гуна зани тоҷик дар шаҳри Ваҳдат клиникаи хусусӣ таъсис дод

    Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Бизнес среда” мавзуи “Нақши зан дар тиҷорат ва хусусиятҳои пешбурди тиҷорат аз нигоҳи зан”-ро муҳокима кардем. Манзура Ғафурова, муассиси клиникаи “Шавкат” дар шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба мо аз таҷрибаи худ гуфт. Ӯ замоне дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамчун мутахассиси тиб кор мекард. Манзура ба мо нақл кард, ки чӣ гуна роҳи тиҷоратро пеш гирифт ва дар ин самт чӣ мушкилиҳоро паси сар кард. “Як рӯз, вақте аз навбатдорӣ баромадам, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ маро ба утоқаш таклиф кард. Ӯ пешниҳод кард, ки ман ҳамчун мутахассис акушер-гинеколог як дастгоҳи ташхиси ултрасадо гирам. Зеро ноҳияи мо ниҳоят калон аст ва ҳамон вақт норасоии хизматрасонӣ эҳсос мешуд. Баъди маслиҳат бо оила барои оғози ин кор 8 моҳ хондам. Баъд бо ёрии наздикон дастгоҳро харидам. Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Бизнес среда” мавзуи “Нақши зан дар тиҷорат ва хусусиятҳои пешбурди тиҷорат аз нигоҳи зан”-ро муҳокима кардем. Манзура Ғафурова, муассиси клиникаи “Шавкат” дар шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба мо аз таҷрибаи худ гуфт. Ӯ замоне дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамчун мутахассиси тиб кор мекард. Манзура ба мо нақл кард, ки чӣ гуна роҳи тиҷоратро пеш гирифт ва дар ин самт чӣ мушкилиҳоро паси сар кард. “Як рӯз, вақте аз навбатдорӣ баромадам, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ маро ба утоқаш таклиф кард. Ӯ пешниҳод кард, ки ман ҳамчун мутахассис акушер-гинеколог як дастгоҳи ташхиси ултрасадо гирам. Зеро ноҳияи мо ниҳоят калон аст ва ҳамон вақт норасоии хизматрасонӣ эҳсос мешуд. Баъди маслиҳат бо оила барои оғози ин кор 8 моҳ хондам. Баъд бо ёрии наздикон дастгоҳро харидам. Аз моҳи январи соли 2002 аввалин шуда дар шаҳри Ваҳдат хизматрасонии тиббиро ҳамчун соҳибкори андозсупоранда таъсис додам”,- нақл кард Манзура Ғафурова. Ӯ мегӯяд, қадамҳои аввал дар он солҳо барояш мушкил буд. На ҳама метавонист ба маркази шаҳр омада, аз ташхис гузарад. Бо вуҷуди ин Манзура ба ин соҳа ворид шуд. “Соли 2008 ҳамфикронам пайдо шуда, маслиҳат кардем, ки утоқи маро васеътар кунем. Ҳамин тавр, мо 10 ҳуҷраро аз беморхона ба иҷора гирифта, сатҳи хизматрасониро беҳтар кардем. Корамон барор гирифт ва ҳатто ин 10 ҳуҷра камӣ кард. Ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардем ва ба мо замин ҷудо карданд. Дар байни 2 сол бинои клиникаи “Шавкат”-ро бо тамоми шароитҳои муосир сохтем”,- ба хотир овард мутахассис. Ҳамин тавр, Манзура соли 2017 дар ноҳияи Спитамен филиали клиникаи “Шавкат”-ро таъсис дод, ки дар он 15 нафар кормандони тиб фаъолият мекунанд. “Душвории асосӣ маблағ буд. Мо аз бонкҳо бо фоизҳои нисбатан паст қарз гирифтем. Мушкили дигар норасоии мутахассисон буд. Хушбахтона, имрӯз мо бо 17 нафар мутахассисони дараҷаи олӣ ва 2 нафар номзадҳои илми тибб ҳамкорӣ дорем”,- афзуд ҳамсуҳбати мо. Манзура мегӯяд, ҳамчун духтур саводнокии молиявии кофӣ надошт, ки ин барояш мушкил эҷод мекард. Вале бо иштирок дар тренингу семинарҳо онро бартараф кард. Махсусан, барномаи “Машваратҳо барои тиҷорати хурд” аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои ӯ нақши муҳимеро иҷро намуд. “Маро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Қазоқистон фиристоданд. Аз мутахассисон ботаҷрибаи он ҷо, ки клиникаҳои шахсии худро доштанд, дарс гирифтам, бо кори онҳо аз надик шинос шудам. Ин бароям як мактаби калон буд”,- шарҳ дод Манзура Ғафурова. Дар бораи он ки тиҷорат дар ҳаёти Манзура чӣ аҳамият дорад, клиникаи ӯ ба кадом дастовардҳо ноил шудааст ва оянда бо чӣ ангеза кадом нақшаҳоро амалӣ мекунад дар подкасти навбатии мо тамошо кунед. Силсилаи подкастҳо бо дастгирии барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд “Машваратҳо барои тиҷорати хурд” дар Тоҷикистон омода шудааст. Барнома аз ҷониби Ҳукуматҳои Швейтсария ва Ҷопон тавассути Фонди тиҷорати хурди БАТР, ки аз ҷониби Италия, Корея, Люксембург, Норвегия, ҳукумати Швейтсария, Шветсия, ИМА, Фонди ҳамкории техникии тиҷорати Тайван маблағгузорӣ карда мешавад, дастгирӣ меёбад.

    14 min

About

«Три медведя» - это первый подкаст из Таджикистана. Мы будем говорить на самые актуальные темы. Будем говорить о проблемах, которые у нас вдруг неожиданно всплыли. Будем говорить о полезных идеях, которые родились с нашим выходом из зоны комфорта. Будем говорить о людях, которые оказались бессильными.

To listen to explicit episodes, sign in.

Stay up to date with this show

Sign in or sign up to follow shows, save episodes, and get the latest updates.

Select a country or region

Africa, Middle East, and India

Asia Pacific

Europe

Latin America and the Caribbean

The United States and Canada